Дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни «Андалеб – 2018» оғоз мегардад

Дар ноҳияи Темурмалик рӯзи 12 октябр даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2018» оғоз мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, сипас, 15 октябр дастаҳои ҳунарӣ аз ноҳияҳои Ховалинг ва Гулистон санъат ва маҳорати худро манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамони озмун мегардонанд. Баромади дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳӣ дар доираи даври […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Темурмалик рӯзи 12 октябр даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2018» оғоз мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, сипас, 15 октябр дастаҳои ҳунарӣ аз ноҳияҳои Ховалинг ва Гулистон санъат ва маҳорати худро манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамони озмун мегардонанд.

Баромади дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳӣ дар доираи даври аввали Фестивал-озмун то 17 ноябри соли 2018 идома меёбад.

Даври дуюми Фестивал – озмун нимаи дуюми моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе 24 ноябри соли 2018 дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2018» ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории фестивал – озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал – озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.

Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор мегардад.

Барои ғолибони даври сеюми Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2018» аз ҷониби муассис – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳо супорида мешаванд.

Иштирокчиён ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал – озмун инчунин бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон сарфароз мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.