ХБА суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро зиёдтар пешгӯӣ кард

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯии суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро то охири ҳамин сол ва соли 2019 ба 1 банди фоизӣ – то 5% зиёд кард. Соли 2018 таҳлилгарони Хазина суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро дар сатҳи 5% пешгӯӣ мекунанд. Соли 2019 низ рушд дар ҳамин сатҳ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора дар гузориши навшудаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯии суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро то охири ҳамин сол ва соли 2019 ба 1 банди фоизӣ – то 5% зиёд кард.

Соли 2018 таҳлилгарони Хазина суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро дар сатҳи 5% пешгӯӣ мекунанд. Соли 2019 низ рушд дар ҳамин сатҳ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора дар гузориши навшудаи World Economic Outlook маълумот дода мешавад, ки рӯзи 8 октябр дар сомонаи ХБА ба нашр расид.

Дар гузориши моҳи апрели Хазина рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 4% ҳам дар соли 2018 ва ҳам соли 2019 пешбинӣ гардида буд.

Рушди аз ҳама бештар байни кишварҳои узви ИДМ дар соли 2018 ба иқтисоди Туркманистон – 6,2% пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, соли 2018 суръати рушди иқтисоди Тоҷикистону Ӯзбекистон – 5%, Қазоқистон – 3,7%, Қирғизистон – 2,8%, Арманистон – 6%, Беларус – 4%, Молдова – 3,8%, Украина – 3,5%, Россия – 1,7% ва Озарбойҷон – 1,3%-ро ташкил хоҳад дод.

Ҳукумати ҷумҳурӣ имсол аз рушди иқтисод дар сатҳи 7% интизорӣ дорад. Иқтисодчиёни ХБА соли гузашта барои Тоҷикистон суръати рушди иқтисодро дар сатҳи 4,5% пешгӯӣ карда буданд, лекин аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 суръати афзоиши иқтисод ба 7,1% баробар шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.