Кормандони милитсияи фурудгоҳи пойтахт қисман иваз карда мешаванд

Баъди ҳодисаи тирпарронӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе кормандони шуъбаи милитсияи он қисман иваз карда мешаванд. Дар ин бора аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Саъдиеви 34-сола дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола ба муноқиша пардохта, аз силоҳи хизматиаш – таппончаи […]

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Баъди ҳодисаи тирпарронӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе кормандони шуъбаи милитсияи он қисман иваз карда мешаванд. Дар ин бора аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Саъдиеви 34-сола дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола ба муноқиша пардохта, аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ ӯ тир холӣ кард.

Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре вуҷуд надорад. Сардори шуъба боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Тирпарронида Рустам Саъдиев ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиев замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, ВКД тафтиши дохилии ин ҳодисаро идома дода, ошкор карданист, ки бо кадом сабаб байни сардор ва зердасташ муноқиша рух додааст. Ҳамчунин прокуратура дар нақлиёт низ ба тафтиш машғул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.