Суғд: гусели 1000 нафар ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ

Дар Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маросими тантанавии гусели 1000 нафар ихтириён ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин маросим беш аз 7 ҳазор нафар ҷавонон, афсарону сарбозон, кормандони комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, волидони даъватшавандагон ва фаъолони […]

Asia-Plus

Дар Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маросими тантанавии гусели 1000 нафар ихтириён ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин маросим беш аз 7 ҳазор нафар ҷавонон, афсарону сарбозон, кормандони комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, волидони даъватшавандагон ва фаъолони вилоят ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ назди ҳозирин изҳори умед кард, ки наваскарони шуҷоъ бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм мегузоранд ва зимни иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Оинномаҳои хизматӣ, манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя хоҳанд кард.

Сипас, маъракаи мардумии "Нонгазон" доир шуд ва даъватшавандагон дар зери таронаҳои тоҷикона бо ҳамроҳии волидони худ то дергоҳ шодмонӣ намуданд. Барномаи ҷолиби консертии фарҳангиёни вилоят ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.

Зикр мегардад, ки барои даъватшавандагон ва волидони онҳо дар майдони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастурхони идона ороста шуд ва даъватшавандагон пас аз тановули хӯрок озими қисмҳои низомӣ шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.