Буҷети давлатии соли 2019. Он боз ҳам иҷтимоӣ мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумат лоиҳаи қонун дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019-ро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, баъди омӯзиши лоиҳаи буҷет аз ҷониби комиссияи доимо амалкунанда оид ба буҷети назди ҳукумат, он моҳи ноябр барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон фиристода мешавад.

Даромад

Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 дар ҳаҷми ҳудуди 23,4 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз даромади тасдиқшудаи буҷети соли 2018 қариб 2,4 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Вазорати молия.

Таъмини афзоиши ҳаҷми қисмати даромадҳои буҷет, аз ҷумла аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми андозҳо ва маблағҳои воридотии ғайриандозӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар Вазорати молия ба грантҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 200 млн. сомонӣ умедворанд.

Ғайр аз ин, Вазорати молия ба воридшавии маблағҳо ба буҷет аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми воситаҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ (65 млн. сомонӣ), ҳамчунин аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 798 млн. сомонӣ низ умедвор аст.

Даромадҳо аз ҳисоби ҷалби қарзҳои хориҷӣ ва грантҳо барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соли оянда ба маблағи умумии беш аз 4 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Хароҷот

Ҳаҷми умумии қисмати хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 дар ҳаҷми наздики 23,8 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба хароҷоти бучети соли равон қариб 2,5 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.

Мисли солҳои пешин соли оянда низ буҷет хусусияти иҷтимоӣ дошта, ба соҳаи иҷтимоӣ равона гардидани қариб 10,4 млрд. сомонӣ маблағ дар назар аст, ки қариб 44%-и аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ ба комплекси энергетикиву сӯзишворӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар соли оянда ба маблағи беш аз 4,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ мешавад.

Барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ равона гардидани наздики 725 млн. сомонӣ ва соҳаи нақлиёту коммуникатстя – 618 млн. сомонӣ дар назар аст.

Барои пардохти қарзи дохилӣ дар соли оянда 228 млн. сомонӣ ва хизматрасонии қарзи хориҷӣ – беш аз 1,2 млрд. сомонӣ равона мегардад.

Ҳаҷми умумии каср (дефитсит)-и буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 0,5% аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (391 млн. сомонӣ) нишон дода шудааст.

Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ

Соли 2019 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми беш аз 78,2 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ 8,7 млрд. сомонӣ бештар аст.

Афзоиши воқеии иқтисод дар соли оянда дар сатҳи 7,6%, дефлятор (индекси нарх)-и ММД – 4,5% ва сатҳи таваррум – 6,3% пешгӯӣ мешавад.

Буҷети соли 2018

Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018 аз ҷониби палатаи поёнии парлумон 15 ноябри соли гузашта қабул шуда буд.

Қисмати даромади буҷети соли равон дар ҳаҷми каме бештар аз 21 млрд. сомонӣ ва қисмати хароҷот – зиёда аз 21,3 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадди ниҳоии касри буҷет дар сатҳи 0,5% аз ММД – 334 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Наздики нисфи хароҷоти буҷет – беш аз 10 млрд. сомонӣ барои соҳаи иҷтимоӣ пешбинӣ гардида буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...