Президент ба футболбозони навраси тоҷик 20-ҳазор сомонигӣ тақдим кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 – солаи Тоҷикистонро бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иқдоми шоистае, ки аз ҷониби Пешвои миллат барои аъзои ин даста амалӣ гардид, аз Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ба 33 нафар, ба ҳар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 – солаи Тоҷикистонро бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иқдоми шоистае, ки аз ҷониби Пешвои миллат барои аъзои ин даста амалӣ гардид, аз Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат бо варзишгарон нахуст Сарвари давлат ғалабаи дастаро дар Чемпионати Осиё ба Федератсияи футболи кишвар, ба варзишгарон ва ба мардуми ҷумҳурӣ муборакбод гуфт.

Президенти мамлакат таъкид дошт, ки ғалабаи наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва заҳмати содиқонаи худи футболбозон мебошад, ки дар як чорабинии бузурги варзишӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд.

Сарвари давлат иброз дошт, ки дар байни 45 дастаи олам сазовори ҷойи дуюм гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург аст ва ҳам боз як омили муаррифии давлату миллат ва болоравии обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Ёдрас мешавад, ки марҳилаи аввал ва интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби то 16 сола дар тамоми кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз 16 то 29 сентябри соли 2017 баргузор гардида буд.

Чемпионати Осиё оид ба футбол байни наврасони то 16 сола дар  ду марҳила бо иштироки 45 кишвари қитъаи Осиё баргузор гардид.

Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё байни наврасон моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ дар кишвари Малайзия бо иштироки 16 кишвари қитъаи Осиё баргузор гардида, тими мунтахаби Тоҷикистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дод. Варзишгарони тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида, ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони зери 17 сола, ки соли 2019 дар кишвари Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".