Абдулло Абдулло: Модели истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон барои Афғонистон созгор нест

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Модели истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонро наметавон дар Афғонистон истифода кард, чунки толибон аз берун пуштибонӣ мешаванд, гуфт имрӯз дар суҳбат бо журналистон раиси иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло.

“Ҳар кадоме аз кишварҳо шароитҳои хоси худро дорад. Мутассифона, гурӯҳҳои террористӣ паноҳгоҳ доранд, аз хориҷи Афғонистон дастгирӣ ва таъмин мешаванд”, – қайд кард Абдулло Абдулло.

Номбурда зикр кард, ки дар кори истиқрори сулҳу созиш дар Тоҷикистон Афғонистон, аз ҷумала президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ ва қаҳрамони халқӣ Аҳмадшоҳи Масъуд низ саҳми бузург доштанд.

“Онҳо намехостанд, ки дар кишвари ҳамсоя ва дӯст даргириҳо ҳатто як рӯзи дигар ҳам идома ёбанд. Аз ин рӯ, он замон Афғонистон нақши миёнарав дошт. Агар дар Тоҷикистон ҷанг идома меёфт, ба мо ҳам таъсири манфиаш мерасид”, – гуфт Абдулло.

Ӯ изҳори итминон кард, ки Тоҷикистон “ҳам мехоҳад ва кӯшиш мекунад, ки дар Афғонистон ҷанг хотима ёбад, лекин ба гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Афғонистон ҷанг мекунанд, фишор оварда наметавонад, чнуи онҳо дар Тоҷикистон қарор надоранд”.

Ба гуфтаи Абдулло, ҳадафи терроритсон натанҳо Афғонистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ ҳаст. “Афғонистон ҷабрдида аз гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Мо аз кишварҳо даъват мекунем, ки сокинони Афғонистонро қурбонии терроризм эътироф намоянд”, – таъкид дошт Абдулло Абдулло.

Қобили зикр аст, ки доктор Абдулло Абдулло ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...