Абдулло Абдулло: Модели истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон барои Афғонистон созгор нест

Модели истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонро наметавон дар Афғонистон истифода кард, чунки толибон аз берун пуштибонӣ мешаванд, гуфт имрӯз дар суҳбат бо журналистон раиси иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло. “Ҳар кадоме аз кишварҳо шароитҳои хоси худро дорад. Мутассифона, гурӯҳҳои террористӣ паноҳгоҳ доранд, аз хориҷи Афғонистон дастгирӣ ва таъмин мешаванд”, – қайд кард Абдулло Абдулло. Номбурда зикр кард, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Модели истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонро наметавон дар Афғонистон истифода кард, чунки толибон аз берун пуштибонӣ мешаванд, гуфт имрӯз дар суҳбат бо журналистон раиси иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло.

“Ҳар кадоме аз кишварҳо шароитҳои хоси худро дорад. Мутассифона, гурӯҳҳои террористӣ паноҳгоҳ доранд, аз хориҷи Афғонистон дастгирӣ ва таъмин мешаванд”, – қайд кард Абдулло Абдулло.

Номбурда зикр кард, ки дар кори истиқрори сулҳу созиш дар Тоҷикистон Афғонистон, аз ҷумала президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ ва қаҳрамони халқӣ Аҳмадшоҳи Масъуд низ саҳми бузург доштанд.

“Онҳо намехостанд, ки дар кишвари ҳамсоя ва дӯст даргириҳо ҳатто як рӯзи дигар ҳам идома ёбанд. Аз ин рӯ, он замон Афғонистон нақши миёнарав дошт. Агар дар Тоҷикистон ҷанг идома меёфт, ба мо ҳам таъсири манфиаш мерасид”, – гуфт Абдулло.

Ӯ изҳори итминон кард, ки Тоҷикистон “ҳам мехоҳад ва кӯшиш мекунад, ки дар Афғонистон ҷанг хотима ёбад, лекин ба гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Афғонистон ҷанг мекунанд, фишор оварда наметавонад, чнуи онҳо дар Тоҷикистон қарор надоранд”.

Ба гуфтаи Абдулло, ҳадафи терроритсон натанҳо Афғонистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ ҳаст. “Афғонистон ҷабрдида аз гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Мо аз кишварҳо даъват мекунем, ки сокинони Афғонистонро қурбонии терроризм эътироф намоянд”, – таъкид дошт Абдулло Абдулло.

Қобили зикр аст, ки доктор Абдулло Абдулло ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио