Ташрифи беш аз 350 нафар ходимони фарҳанги Туркманистон ба Тоҷикистон

Asia-Plus

Рӯзҳои 14-15 октябри соли 2018 дар шаҳрҳои Душанбе ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар ва шинос намудани мардуми тоҷик бо санъат ва фарҳанги халқи туркман гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳо, ки беш аз 350 нафар мебошанд, рӯзи 14 октябр ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Субҳи 15 октябр соати 09:30 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати расмии Рӯзҳо бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, инчунин рӯнамоии китоби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов «Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим» дар назар аст.

Соати 14:00 он рӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши драмаи «Гулпам»-и Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи С. Сейдии вилояти Лебап дар театри шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Рӯзи 15 октябр соли 2018 соати 17:00 дар Кохи Борбад намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Туркманистон ва барномаи консертии устодони санъати ин кишвар бахшида ба ифтитоҳи Рӯзҳо баргузор мегардад.

Инчунин субҳи 15 октябр як қисми ҳайати меҳмонон ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сафар мекунанд. Дар ноҳияи Дӯстӣ муаррифии китоби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов «Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим» ва баргузории барномаи консертии аҳли ҳунари туркман дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...