Чаро толибимони тоҷик бояд то 14 июн таҳсил кунанд?

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Ба савол дар бораи сабаби дароз кардани соли хониш боз ба як ҳафтаи дигар аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон посух доданд, ки “барои пурра бо маводи таълимӣ фаро гирифтани хонандагон”.

Мувофиқи қарори ҳукумат аз 25 сентябр, барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дубора таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ баргардонида шуда, лекин дар ҳамин ҳол, соли хониш дар ҷумҳурӣ 36 ҳафтаро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ мувофиқи қарор, имсол чоряки якум – аз 1 сентябр то 31 октябр; чоряки дуюм – аз 11 ноябр то 31 декабр; чоряки сеюм – аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум – аз 1 апрел то 14 июн давом мекунад. Итисно хонандагони синфҳои якум мебошанд, ки таҳсили онҳо як ҳафта пеш – 7 июн ба итмом мерасад.

Сабаби як ҳафта дароз шудан таҳсил дар чист?

Ба гуфтаи Зулфия Сафарова, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илм, мутахассисони соҳа таҳлил гузаронида, он нишон дод, ки бо сабаби вақти нокофии ҷараёни таҳсил, барномаро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ хонандагон дар сатҳи нокофӣ азхуд мекунанд. Маҳз бо ҳамин сабаб соли таҳсил аз 34 ҳафта (то 25 май) то 36 ҳафта (аз ҳамин сол) дароз карда шуд.

– Сабаби дигар дар он аст, ки дар робита ба шумори зиёди хонадагон, дарсҳо дар ду баст гузаронида мешаванд. Дар аксари кишварҳо дарсҳо дар як баст доир гардида, ин барои ба ҷадвал дохил кардани фанҳои бисёр имкон медиҳад. Ғайр аз ин, солҳои охир фанҳои нав, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, асосҳои иқтисод, алифбои ниёгон, арзишҳои оилавӣ ба барномаи таълим дохил карда шуданд. Мутаносибан барои ин фанҳо соатҳои дарсии иловагӣ зарур мешавад. Боз дар тақвими мо ҷашнҳое ҳастанд, ки тибқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзҳои истироҳат мебошанд. Бо назардошти ҳамаи ин сабабҳо, мутахассисон пешниҳод намуданд, ки соли хониш то 14 июн давом ёбад, – қайд кард Зулфия Сафарова.

Қобили зикр аст, ки таътилҳои тирмаоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон соли 2010 бекор шуда буданд. Сабаби инро ба камбуди барқ ва ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) нисбат медоданд. Ба ивази он як моҳи пурраи январ таътил ҷорӣ шуда, муҳлати таҳсили нимсолаи дуюм дароз карда шуда буд. Волидони хонадагон борҳо аз ин низом шикоят карда, изҳор медоштанд, ки он ба таҳсили толибилмон таъсири манфӣ мерасонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...