Ҳамаи бозиҳои футболбозони ҷавони тоҷик дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ

Шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” ҳамаи бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футболро дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2028 дар Индонезия намоиш медиҳанд. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) қувва меозмоянд.  Ҳамаи  бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекаси […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” ҳамаи бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футболро дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2028 дар Индонезия намоиш медиҳанд.

Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) қувва меозмоянд.  Ҳамаи  бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекаси баргузор мегарданд. Оғози бозиҳо соати 17:00 ба вақти Душанбе.

Аз рӯи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври минбаъда баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболбозони мамалакат бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” вориди рақобат мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Полша гузаронида мешавад, иштирок мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.