Бо вуҷуди коҳиши содирот, аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ ба камбуди барқ дучоранд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи гузашта Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли барқро ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон қариб ду баробар коҳиш дод.

Моҳи сентябри соли равон истемолгарони Ӯзбекистон наздики 182 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон барқ гирифтанд, ки нисбат ба моҳи августи ҳамин сол 200 млн. кВт/соат камтар аст, қайд мешавад дар гузориши “Мониторинг ва огоҳиии барвақтӣ дар Тоҷикистон”.

Ҳамин тариқ, давоми моҳҳои апрел-сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст.

Интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон аввали моҳи апрел баъди қариб танаффуси даҳсола аз сар гирифта шуда, ҳаҷми содироти он ба кишвари ҳамсоя на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар як сол пешбинӣ мешавад.

Қаблан Душанбе ва Тошканд дар мавриди нархи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба мувофиқа расида буданд. Дар мавсими тобистон Ӯзбекистон барқро бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ва дар мавсими зимистон – 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

Ба ҳамёни “Барқи тоҷик” беш аз 72,5 млн. доллар ворид шуд

Аз моҳи сентябр ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон низ коҳиш ёфт: аз 200 млн. кВт/соат дар моҳҳои пешин то ба 158 млн. кВт/соат дар моҳи сентябр.

Бо назардошти ҳаҷми начандони зиёди содирот ба Қирғизистон (наздики 10 млн. кВт/соат), моҳи гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 350 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод, ки қариб 24% аз ҳаҷми умумии истеҳсол (1 млд. 461 млн. кВт/соат) дар кишварро ташкил медиҳад.

Аз оғози сол Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 2,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуда, аз ин ҳисоб ҷумуҳрӣ 72 млн. 527 ҳазор доллар даромад гирифт, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта (48 млн. 787 ҳазор доллар) қариб 50% зиёдтар мебошад.

Аҳолии кишвар ба камбуди барқ дучор аст

Дар ҳамин ҳол, аз нимаи моҳи сентябр дар манотиқи деҳоти ҷумҳурӣ қатъи интиқоли барқ оғоз гардида, аксари ноҳияҳо танҳо субҳу шом чанд соате бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани лимити истифодаи барқро рад намуда, изҳор мекунанд, ки ҳолатҳои муваққатан қатъ шудани интиқоли он ба баргузор кардани корҳои таъмиру навсозӣ вобаста аст”.

“Мутахассисони мо айни замон ба омодакунии иншооти зерсохтор ба мавсими тирамоҳу зимистон машғуланд ва аз ин рӯ, баъзан зарурате пеш меояд, ки интиқоли нерӯи барқ муваққатан боздошта шавад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкат.

Дар муроҷиатномаи дар сомонаи ширкат ҳафтаи гузашта нашршуда қайд мешавад, ки барои доимо бо барқ таъмин будан, истеъмолгарон бояд ҳаққи барқи истифодашударо пурра ва сари вақт пардохт намоянд.

Аммо бархе аз кормандони соҳа қатъи интиқоли барқро ба пур кардани обанбори нерӯгоҳи Роғун нисбат медиҳанд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати аввалаш санаи 16 ноябри ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.