Дар Душанбе “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор мешаванд

Бо ибтикори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 28 октябри соли 2018 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши фарҳангии “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор мегардад. Намоиши фарҳангии Ҷопон аз намоишҳои мухталифи фарҳангу суннатҳои Ҷопон ва Тоҷикистон иборат ҳаст. Мавзӯи чорабинӣ «Туризм ва ҳунарҳои мардумии Ҷопон» мебошад, ки ба соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон бахшида шуда аст. “Рӯзҳои […]

Бо ибтикори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 28 октябри соли 2018 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши фарҳангии “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор мегардад.

Намоиши фарҳангии Ҷопон аз намоишҳои мухталифи фарҳангу суннатҳои Ҷопон ва Тоҷикистон иборат ҳаст. Мавзӯи чорабинӣ «Туризм ва ҳунарҳои мардумии Ҷопон» мебошад, ки ба соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон бахшида шуда аст. “Рӯзҳои Ҷопон” аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.

Маросими ифтитоҳи намоиши фарҳангии Ҷопон " Рӯзҳои Ҷопон " рӯзи 27-уми октябри соли 2018, соати 17:30 дар Театри Давлатии Академии Опера ва Балет ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 28 чойгир аст, бо намоиши консертӣ оғоз меёбад.  Дар консерти мазкур, мусиқии тоҷикӣ, аз ҷониби ҳунарманди ҷопонӣ ва мусиқии ҷопонӣ аз ҷониби ҳунарманди тоҷик ботароват садо медиҳад. Дар охир, донишҷӯёни Донишкадаи забонҳои тоҷикӣ ва Донишгоҳи славянӣ-тоҷикӣ рақси суннатии ҷопонии «Сора Буси »-ро , ки хоси мардуми ҷазираи шимолии Ҷопон -Хоккайдо хаст, иҷро менамоянд. Ин рақс ҳар як марҳилаи моҳидорӣ, ҳаракати тӯрҳо, русуми моҳидорӣ ва ҳаракати мавҷҳоро инъикос мекунад. Ҳозирини мӯҳтарам метавонанд инчунин намоишҳои ҳунармандӣ ва сайёҳии мардуми Ҷопонро дар худи ҳамон ҷо аз соати 16:30 то 17:30 боздид кунанд. Даромади чорабинии мазкур ройгон мебошад.

Қисми асосии чорабиниҳо дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе рузҳои 27 ва 28 октябри соли 2018 аз соати 10:00 то 16:00 сурат мегирад. Муҳтавои “Рӯзҳои Ҷопон”, ки давоми ду рӯз идома меёбанд, аз фаъолиятҳои зайл иборат ҳаст: намудҳои гуногуни шаклсозӣ аз қоғаз- Оригамӣ, аз ҷониби пешоҳанг хонум Элена Кабачинская ва бозии анъанавии ҷопонӣ-Кендама аз ҷониби устод оғои Кентаро Арай, таъомули таомҳои миллии ҷопонӣ, намоиши мошинҳои ҷопонии Toyota, намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва лухтакҳо, ки бо технологияи ҷопонӣ аз ҷониби ҳунарманд хонум Азза Қаноат омода шуданд, муаррифии фарҳанги фароғатӣ,бозиҳо ва дигар чорабиниҳо ба ҳозирин пешниҳод мегарданд. Даромади чорабиниҳои номбурда ҳам ройгон мебошад.

Фаъолиятҳои зиёди “Рӯзҳои Ҷопон” ба сифати имконияти намоиш додани дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон хизмат менамоянд ва барои тамошобинон имконияти хубе фароҳам меорад, то дар муҳити воқеӣ аз фарҳангу анъанаҳои Ҷопон ҳаловат баранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.