Фавти писарчаи 4-солаи тоҷик вақти парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе

Писарчаи 4-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми парвози ҳавопаймои ширкати Utair бо хатсайри Маскав-Душанбе аз олам даргузашт. Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ Ҳусейн Усмонов ин маълумотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин дар бораи ному насаби писарча ва ҷузъиёти ҳодиса алҳол маълумот дода нашудааст. “Ҳавопаймои ин хатсайр бидуни таъхир – соати 22:00 рӯзи 23 октябр аз фурудгоҳи “Внуково” ба ҳаво […]

Писарчаи 4-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми парвози ҳавопаймои ширкати Utair бо хатсайри Маскав-Душанбе аз олам даргузашт.

Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ Ҳусейн Усмонов ин маълумотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин дар бораи ному насаби писарча ва ҷузъиёти ҳодиса алҳол маълумот дода нашудааст.

“Ҳавопаймои ин хатсайр бидуни таъхир – соати 22:00 рӯзи 23 октябр аз фурудгоҳи “Внуково” ба ҳаво бархост. Аллакай вақти парвоз ҳолати писарча бад шуда, наҷоти ӯ муяссар нашуд. Дар ҳавопаймо ӯро тағояш ҳамроҳӣ дошт”, – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Усмонов, роҳари ҳайати халабонони ҳавопаймо тасмим гирифтааст, ки дар Оренбург таъҷилан ба замин фуруд меояд.

“Хеши писарчаи фавтида ва ҷасади ӯ то ошкор кардани ҳолатҳои ҳодиса дар Оренбург нигоҳ доша мешаванд. Дигар мусофирони хатсайр соати 8-и субҳ ба фурудгоҳи Душанбе омаданд”, – илова кард манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.