Эмилия Пума: Мо аз Тоҷикистон бозбинии парвандаи Бузургмеҳр Ёровро дархост кардем

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

“Зимни машваратҳои дуҷониба мо масъалаи озодии ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён гузошта, аз ҳукумати Тоҷикистон бозбинии парвандаи адвокат Бузургмещр Ёровро дархост кардем”, – хабар дод имрӯз зимни вохӯрӣ бо журналистон муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, матбуот ва дипломатияи ҷамъиятӣ Эмилия Пума.

Бино ба гуфтаи ӯ, онҳо аз ин вазъ нигаронӣ изҳор намуда, кушоду шаффоф ин масъаларо баррасӣ кардаанд.

“Ҳукумати шумо ҷавобҳои худро пешниҳод намуд, ки мутаассифона, ман ин ҷо ифшо карда наметавонам, лекин доир ба ин масъала мо нигаронии худро изҳор кардем”, – қайд кард Эмилия Пума.

Ба қавли дипломат, онҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва имкони пешниҳоди озодиҳои бештар ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

“Мо дархост намудем, ки ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ озодиҳои бештар дода шавад, то ки онҳо ба роҳандозии фаъолияти худ ба таври озодона имкон дошта бошанд. Ҳамчунин таъмини амнияти онҳоро хоҳиш кардем”, – хабар дод ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23 октябр дар Душанбе машваратҳои ҳафтуми дуҷонибаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону ИМА доир гардида, дар он аз ҳамкориҳои давлатҳо дар соли равон натиҷагирӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда муайян карда шуданд.

Пеш аз машварат муовини Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пумаро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки адвокат Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳабс гирифта шуд. Суди шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи марти соли 2017 Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» зимни суханрониаш ҳангоми баррасии парвандаи якум боз ба 2 соли дигари зиндон маҳкум кард. Баъдан нисбати Бузургмеҳр Ёров боз ду парвандаи ҷиноӣ – ба гумони қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон боз шуд.

Ҳамин тариқ, муҳлати умумии ҷазои адвокат Бузургмеҳр Ёров акнун 28 соли зиндонро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.