Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар дафтари кории Бонки ҷаҳонӣ барои намояндагони васоити ахбори умум дар мавзӯи камбизоатӣ семинар гузаронида мешавад; – Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳавопаймои нави харидааш – Bombardier CRJ200-и истеҳсоли Канадаро муаарифӣ мекунад. Оғоз соати 14:00; – Дар Душанбе фестивали байнулмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” ба кори худ идома медиҳад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат […]

АНОНС

– Дар дафтари кории Бонки ҷаҳонӣ барои намояндагони васоити ахбори умум дар мавзӯи камбизоатӣ семинар гузаронида мешавад;

– Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳавопаймои нави харидааш – Bombardier CRJ200-и истеҳсоли Канадаро муаарифӣ мекунад. Оғоз соати 14:00;

– Дар Душанбе фестивали байнулмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” ба кори худ идома медиҳад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4190 сомонӣ;

1 евро – 10.7424 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1435 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1933 – Дар Душанбе корхонаи нахустини дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд, аз соли 1964 – дар ҳайати корхонаи «Гулистон».

1961 – Унвони Шоири (Нависандаи) халқии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

1963 – Ҷилди аввали «Таърихи халқи тоҷик», ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи таърихи Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон таҳия шуд, ба табъ расид.

2012 — Дар Тоҷикистон Кодекси аввали шаҳрсозӣ қабул шуд.

1907 – Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон ва тарҷумон Василий Кириллов.

1910-1981 – Мавлуди олим ва табиб, академик Комил Тоҷиев.

1913-1989 – Зодрӯзи нависанда Ҳоҷӣ Содиқ.

1940-2001 – Мавлуди дипломат Карим Юлдошев.

1941 – Зодрӯзи актёри театр Бердӣ Мингбоев.

1951 – Мавлуди иқтисодчӣ Султонмурод Исмоилов.

1952 – Зодрӯзи нависанда Субҳон Ёдгорӣ.

1953 – Мавлуди собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +17+22.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +14+19; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона +2+7.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +16+21.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +26+28.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +15+17.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.