Дастури Президент ҷиҳати таъсиси марказҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳо

Asia-Plus

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст “Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018 ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуҳ моҳи соли 2018 таҳлил намуда, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2018, татбиқи мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар кори маҷлис Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2020 – 2021 ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 – 2021 гузориши Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Оид ба лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” гузориши раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода шунида шуда, таъкид гардид, ки лоиҳаи ин қарор бо мақсади эҳё, ҳифз, рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихии санъати ҳунармандӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маснуот ва маҳсулоти ҳунармандон, фароҳам овардани шароит барои рушди ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳунармандӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Президенти мамлакат дастур дод, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷоннок карда, дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзишӣ касбу ҳунарҳои мардумиро таъсис диҳанд. Дастурҳои дигар барои эҳё ва гиромидошти анъанаҳои миллӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дода шуд.

Гуфта мешавад, дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020 ва Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023 муҳокима карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...