Владимир Жириновский ба Тоҷикистон ташриф меорад

Пешвои Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Имрӯз ӯ аз Қалъаи Ҳисор ва боғҳои ангурзори шаҳри Турсунзода боздид намуда, пагоҳ, 1 ноябр бо раисони палатаҳои парлумони Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад. Ҳамчунин Жириновский бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон низ мулоқот мекунад. Бино ба маълумоти […]

Asia-Plus

Пешвои Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Имрӯз ӯ аз Қалъаи Ҳисор ва боғҳои ангурзори шаҳри Турсунзода боздид намуда, пагоҳ, 1 ноябр бо раисони палатаҳои парлумони Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад. Ҳамчунин Жириновский бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон низ мулоқот мекунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси Ҳизби либерал-демократии Русия, сиёсатмадори рус ҳамчунин бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ вохӯрда, бо ҳамин сафараш ба анҷом мерасад. Дар бораи баррасии кадом масъалаҳо зимни ин вохӯриҳо маълумот дода намешавад.

Владимир Жириновский сиёсатмадорест, ки бо изҳороти пурсарусадояш маъруф аст. Моҳ марти соли равон ӯ эълон дошт, ки раҳбари Русия шуда, соли 2036 сиёсатро тарк мекунад, лекин то он замон Озарбойҷон ва Тоҷикистонро ба ҳайати Русия дохил мекунад.

Моҳи марти соли 2018 ӯ ба нашрияи “Российская газета” изҳор намуда буд, ки “барои интихобот комиссияҳову аъзои онҳо, нозирон ва нашри варақаҳо бо харҷи миллиардҳо маблағ лозим нестанд ва интихобот бояд бо иштироки Шӯрои давлатӣ ва шаҳрвандон бо роҳи овоздиҳӣ тариқи интернет доир гардад. Оянда Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба кишвар ҳамроҳ мешаванд”.

Моҳи апрели соли 2016 Жириновский ба нашрияи “Известия” изҳор намуда буд, ки “ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар Русия осон аст: барои ин на маҳсулоти Юнону Италия ва Исроилу боз дигар кишварҳо, балки маҳсулоти онҳоро харидан даркор аст ва онҳо дигар ба ин кишвар наомада, дар ватани худашон кор мекунанд”.

Изҳороти Жириновский ба нашрияи “Московская правда” моҳи феврали соли 2014: “Ҳеҷ гуна ҷумҳуриҳо дар Осиёи Миёна. Ҳавзаи федералии Осиёи Миёна – шаҳри асосӣ Верний (Содиқ)! Имрӯз номи он бегона аст, Алмаато – шаҳри наздик ба ман аст. Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон… инҳоро фикр карда баровардаанд. Ҳавзаи федералии Осиёи Миёна!”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.