Ҷаримаи волидон барои ба пулкоркунӣ машғул шудани фарзандон

Прокуратураи шаҳри Ваҳдат волидонро барои ба савдо дар бозор ва ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонӣ машғул шудани фарзандонашон ҷарима кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, онҳо меъёрҳои қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд"-ро риоя накардаанд, ки мутобиқи он, падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо […]

Asia-Plus

Прокуратураи шаҳри Ваҳдат волидонро барои ба савдо дар бозор ва ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонӣ машғул шудани фарзандонашон ҷарима кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, онҳо меъёрҳои қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд"-ро риоя накардаанд, ки мутобиқи он, падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо ба муҳайё намудани шароити мусоид барои таълими тарбияи фарзанд уҳдадоранд.

Гуфта мешавад, аввали моҳи октябр хонандаи синфи 6-и МТМУ №2 шаҳри Ваҳдат Муҳаммадҷон Нуриддинов ба ҷойи дарс ба ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар  ва хонандаи синфи 5-уми МТМУ №26 шаҳри Ваҳдат Паймонаи Исматзода ба савдои мева дар бозори маркази шаҳр машғул шудаанд.

Вобаста ба ин ҳолатҳо волидони хонандагон бо қарори суд ҳар кадоме ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150 сомонӣ) ба фоидаи давлат ҷарима шуданд.

Касбҳои манъшуда барои кори кӯдакон

Дар Тоҷикистон рӯйхати корҳо бо шароити хатарнок ва зиёновар мавҷуд аст, ки дар он истифодаи меҳнати шахсони синни аз 18-сола поин манъ аст. Он якчанд номгӯйро фаро гирифта, мо чанде аз онҳоро дар зер манзуратон мегардонем.

Инак, инҳо аз ҷумла чунин касбҳоянд: коргарони машғул ба кори зеризаминӣ, истихроҷ ва ғанисозии ашёи хоми кӯҳкории кимиёвӣ, истихроҷ ва ғанисозии масолеҳи сохтмон, касбҳо дар бахшҳои металлургияи сиёҳу ранга, корҳои сохтмон, васлу насб ва корҳои сохтмону таъмир, истеҳсолоти коркарди чӯб, коркарди аввалияи пахта, нах, дигар зироати нахдор ва ғайра. Рӯйхати мукаммал бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.