Ба бекорони ВМКБ дар ВКД Тоҷикистон кор пешниҳод шуд

Ҳукуматдорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони бекори вилоят дар минтақаҳои дигари кишвар кор пешниҳод карданд. Дар ҳамдастӣ бо ВКД Тоҷикистон ба ҷавонони бекори ВМК дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ 250 ҷойи корӣ пешниҳод шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” Назира Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ хабар дод, ҳадаф аз ин иқдом мусоидат ба таъмини ҷавонони бекори вилоят бо […]

Бахманёр Надиров, Asia-Plus

Ҳукуматдорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони бекори вилоят дар минтақаҳои дигари кишвар кор пешниҳод карданд. Дар ҳамдастӣ бо ВКД Тоҷикистон ба ҷавонони бекори ВМК дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ 250 ҷойи корӣ пешниҳод шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” Назира Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ хабар дод, ҳадаф аз ин иқдом мусоидат ба таъмини ҷавонони бекори вилоят бо ҷойҳои кории арзанда аст.

Ин ташаббус аз ҷониби вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов роҳандозӣ шудааст.

“Мутаассифона, дар худи вилоят таъмини ҳамаи бекорон бо ҷойҳои корӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, дар дигар минтақаҳо кор пешниҳод гардид”, – хабар дод ӯ.

Ба сокинони бекори ВМК дар навбати аввал кор дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва ВКД ба сифати посбонҳо кор пешниҳод шудааст.

“Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун 100 ҷойи кор, ҳамчунин дар воҳидҳои посбонии ВКД Тоҷикистон низ кор пешниҳод кардем. Корҷӯён бояд ҳатман хизмати ҳарбиро адо карда бошанд”, – қайд кард муовини раис вилоят.

Ғайр аз ин, ба сокинон ВМКД дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Исфара низ 100 ҷойи корӣ пешниҳод шудааст.

“Ҳамарӯза шумори зиёди сокинони вилоят ба мақомоти дахлдор бо дархости дарёфти кор муроҷиат карда, ба кор дар дигар минтақаҳо ҳам омодаанд, – мегӯяд Назира Амирбекзода. – Аллакай беш аз 90 нафар хоҳиши кор дар сохтмони нерӯгоҳи Роғунро изҳор намуданд”.

Зимнан зикр гардид, ки барои дарёфти маълумоти муфассал бобати ин масъала сокинон метавонанд ба Раёсати ВКД вилоят, дастгоҳи раиси ВМКБ ё шаҳри Хоруғ бо телефонҳои 2 43 93; 2 60 65, ё 2 03 68 муроҷиат намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.