Ғайриқонунӣ сохтӣ – худат бикӯчон. Тағйирот ба Кодекси шаҳрсозӣ

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз тағйироту иловаҳои пешниҳодшудаи ҳукумат ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд. Дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки минбаъд иншооти худсарона ва бидуни мувофиқа бо ҳукумат сохташуда аз ҳисоби худи сохтмончӣ ё молики бино, на аз ҳисоби давлат, ки то кунун ҳамин тавр буд, кӯчонида мешавад. Ҳамчунин мувофиқи тағйироту иловаҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз тағйироту иловаҳои пешниҳодшудаи ҳукумат ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд.

Дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки минбаъд иншооти худсарона ва бидуни мувофиқа бо ҳукумат сохташуда аз ҳисоби худи сохтмончӣ ё молики бино, на аз ҳисоби давлат, ки то кунун ҳамин тавр буд, кӯчонида мешавад.

Ҳамчунин мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, минбаъд нақшаҳои генералии шаҳракҳоро на ҳукумат чун қаблан, балки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ мекунанд.

Ташвиши вакилон аз кӯчонидани хонаҳо

Дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси Ҳиҳби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода изҳор намуд, ки кӯчонидани биноҳо дар пойтахт дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

“Аммо касе таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ки дар ҳамин ҳол, барои сокинони ин биноҳо мушкил эҷод мешавад, зеро аксри онҳо бо маблағҳои ба онҳо пешниҳодшуда ба ивази хонаашон розӣ нестанд. Ҳамчунин аз он дар ташвишанд, ки баъди кӯчонидани хонаҳои онҳо, бинои сохтмонашон тӯлмекашида дар шаҳр меафзояд”, – қайд кард вакил.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат Ҷамшед Маҳмадзода дар посух ба ин гуфтаҳо зикр кард, ки Кумита ҳамроҳ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе талош доранд, ки то охири сол ба мушкилоти биноҳои сохтмонашон тӯлкашида дар пойтахт хотима бахшанд.

Ӯ таъкид дошт, ки барои муайян кардани нархи як метри мураббаъи манзил дар биноҳое, ки кӯчониданашон пешбинӣ шудааст, гирифтани таъиноти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.