Ифтитоҳи маркази хизматгузории “Спитамен Бонк” дар Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакент маросими тантанавии ифтитоҳи Маркази хизматгузории ҶСП “Спитамен Бонк” доир гардид. Марказ бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 365 воқеъ аст. Дар ин маросим раиси шаҳр Шафиён Ислом Зиёзода, намояндагони шуъбаи маорифи мақомоти шаҳрдорӣ, кормандони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва рӯзноманигорон иштирок карданд. Зимни суханронӣ дар маросим Иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати “Спитамен Бонк” Наврӯз Самандарзода […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Панҷакент маросими тантанавии ифтитоҳи Маркази хизматгузории ҶСП “Спитамен Бонк” доир гардид.

Марказ бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 365 воқеъ аст. Дар ин маросим раиси шаҳр Шафиён Ислом Зиёзода, намояндагони шуъбаи маорифи мақомоти шаҳрдорӣ, кормандони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва рӯзноманигорон иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар маросим Иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати “Спитамен Бонк” Наврӯз Самандарзода кормандони бонкро ба пешниҳоди хизматрасонии сатҳу сифати баланд ба аҳолӣ ва мусоидат ба рушди тиҷорати хурду миёна ҳидоят намуд.

Зимни боздид аз марказ меҳмонон бо кормандони бонк ва таҷҳизоти технологии муосири ҳалли масоил барои қулайу бароҳат будани хизматгузорӣ ба мизоҷон аз наздик шинос шуданд.

Наврӯз Самандарзода ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла сертификатҳо барои ифтитоҳи корти VISA Classic тақдим намуда, ба ҳамкории ҳамаҷонибаву пурсамар ва дастгирӣ аз ҷониби сохторҳои давлатии шаҳр умедворӣ изҳор кард.

Маросими ифтитоҳи марказ зери садои асбобҳои мусиқии миллӣ – карнайу дойра баргузор шуда, дар ин рӯз барои нахустин муштариён – аълохонҳои стипендиягири гимназияҳои маҳаллӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва хизматчиёни давлатӣ дарҳои марказ боз шуданд.

ҶСП “Спитамен Бонк” дорои 14 филиал ва марказҳои хизматгузорӣ дар саросари ҷумҳурӣ аст. Маркази хизматгузорӣ дар Панҷакент дуюмин марказест, ки имсол боз шуд. Моҳи майи соли равон чунин марказ дар ноҳияи Ёвон ифтитоҳ гардида буд.

Айни замон “Спитамен Бонк” барои хизматрасонии хушсифат ба мизочон дар саросари кишвар 138 POS-терминалҳо ва 30 банкомат насб кардааст. “Спитамен Бонк” ҳамчунин ба ҳамаи низомҳои байнулмилалии пардохт бо кортҳои пластикӣ хизматгузорӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.