Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъаовар дар марз бо Афғонистон

Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқбарони афғон 20 задухӯрди мусаллаҳона рух дода, 11 нашъаҷаллоб ҳалок ва 32 қочоқбар боздошт шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар ин давра марзбонони тоҷик аз 56 кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ намуда, зиёда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқбарони афғон 20 задухӯрди мусаллаҳона рух дода, 11 нашъаҷаллоб ҳалок ва 32 қочоқбар боздошт шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар ин давра марзбонони тоҷик аз 56 кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ намуда, зиёда аз 1,3 ҳазор тонна маводи нашъаовар мусодира кардаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, сарҳадбонон аз ҷумла наздики 87,2 кило героин, 472,5 кило афюн, 605,5 кило ҳашиш, 183,8 кило бангдона (канабис) ва 127,7 кило дигар навъи воситаҳои нашъаоварро мусодира кардаанд.

Ғайр аз ин, дар марз бо Афғонистон ҳамчунин 21 адад силоҳи оташфишон, 1 ҳазор дона тир, 119 адад норинҷакҳои дастӣ ва маводи тарканда ва 26 адад дастгоҳҳои ҷангӣ мусодира шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.