Ҳалокати беш аз 20 нафар бар асари суқути чархбол дар Афғонистон

Тибқи гузоришҳо аз Афғонистон, як чархболи низомӣ субҳи чаҳоршанбеи 31-уми октябр дар вилояти Фароҳ воқеъ дар ғарби он кишвар, суқут кардааст. Гуфта мешавад, ки шуморе аз мақомҳои баландпояи давлатӣ ва низомӣ дар ин чархбол ҳузур доштаанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нурулҳаққ Холиқӣ, сухангӯи нерӯҳои пиёда дар вилояти Фароҳ суқути ин чархболро тайъид […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Тибқи гузоришҳо аз Афғонистон, як чархболи низомӣ субҳи чаҳоршанбеи 31-уми октябр дар вилояти Фароҳ воқеъ дар ғарби он кишвар, суқут кардааст. Гуфта мешавад, ки шуморе аз мақомҳои баландпояи давлатӣ ва низомӣ дар ин чархбол ҳузур доштаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нурулҳаққ Холиқӣ, сухангӯи нерӯҳои пиёда дар вилояти Фароҳ суқути ин чархболро тайъид карда, гуфтааст, ки дар ин чархбол раиси Шӯрои вилояти Фарид Бахтовар ва ҳудуди 20 тан аз мақомҳои дигари ин вилоят ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи оқои Холиқӣ, ин чархбол ба тарафи Ҳирот дар ҳаракат буд ва дар минтақаи Анордара бар асари номусоидии боду ҳаво бо як кӯҳ бархӯрда ва ба садама дучор шудааст. То ба ҳол дар мавриди вазъи саломатии сарнишинони ин чархбол чизе гуфта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки дар миёни кушташудаҳо афроди баландояи низомӣ ва мулкӣ ҳастанд. Номҳо ва мансабҳои ҷонбохтагони ин ҳодиса то ба ҳол ба таври эълон нашудааст. Аммо гуфта мешавад, ки як зани узви Шӯрои вилояти Фароҳ низ дар миёни ҷонбохтагони ин ҳодиса ҳаст.

Аз тарафи дигар, гурӯҳи Толибон бо нашри як эъломия иддао кардааст, ки як чархболи нерӯҳои афғонро дар минтақаи Анордара сарнагун кард, ки бар асари онҳо шумораи зиёде аз афрод кушта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.