БҶ: Шароити пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон соли охир бад шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар рейтинги Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди тиҷорат 2019” (Doing Business 2019) мақоми Тоҷикистон се банд поин рафта, байни 190 кишвари саросари ҷаҳон мақоми 126-умро ишғол намуд.

Дар муқоиса бо соли гузашта таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) аз 10 нишондиҳандаи Doing Business мавқеи Тоҷикистонро дар 7-тоаш поин бурданд.

Аз ҷумла:

-бақайдгирии корхонаҳо (зинаи 60-ум, – 3 мавқеъ);

– андозбандӣ (зинаи 136-ум, – 4 мавқеъ);

-таъмини иҷрои қарордодҳо (зинаи 61-ум, – 7 мавқеъ);

– ҳифзи сармоягузорони миноритарӣ (зинаи 38-ум, – 5 мавқеъ);

– дастрасӣ ба қарзҳо (зинаи 124-ум, – 2 мавқеъ);

– васл шудан ба низоми таъмин бо барқ (зинаи 173-юм, – 2 мавқеъ);

– бақайдгирии моликият (зинаи 91-ум, – 1 мавқеъ).

Дар ҳамин ҳол, танҳо дар се нишондиҳандаи гузориш мавқеи Тоҷикистон беҳтар шудааст:

– иҷозати пардохтнопазирӣ (зинаи 146-ум, + 2 мавқеъ);

– савдои байнулмилалӣ (зинаи 148-ум, +1 мавқеъ);

– иҷозат ба сохтмон (зинаи 135-ум, + 1 мавқеъ).

Чун соли пешин Зеландияи Нав, Сингапур ва Дания пешсафони рейтинг мебошанд. Ба даҳгонаи кишварҳои дорои шароити бештар мусоид барои тиҷорат ҳамчунин Гонконг, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Норвегия, ИМА, Британияи Кабир ва Македония шомиланд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон мақоми 28-ум, Қирғизистон – 70 ва Ӯзбекистон зинаи 76-умро касб намуда, Туркманистон дар рейтинг ҳузур надорад.

Дар муқоиса бо соли гузашта Русия мавқеи худро 5 зина беҳтар намуда, айни замон дар мақоми 31-уми рейтинг қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...