Бобоҷон Ширинов: Ҳамсарамро барқасдона накуштаам

Шаҳрванд Бобоҷон Ширинов, ки моҳи июни соли ҷорӣ ҳамсари 33-солаи худро бераҳмона кушт, зимни суханронии охирин дар мурофиаи судӣ изҳор намуд, ки ин корро барқасдона накардааст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди шаҳри Душанбе дар ин робита хабар дод, Ширинов аз суд дархост намудааст, ки дар ҳолати бехудона (аффект) содир кардани ҷиноят ба инобат […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаҳрванд Бобоҷон Ширинов, ки моҳи июни соли ҷорӣ ҳамсари 33-солаи худро бераҳмона кушт, зимни суханронии охирин дар мурофиаи судӣ изҳор намуд, ки ин корро барқасдона накардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди шаҳри Душанбе дар ин робита хабар дод, Ширинов аз суд дархост намудааст, ки дар ҳолати бехудона (аффект) содир кардани ҷиноят ба инобат гирифта шавад.

Интизорӣ меравад, ки нимаи дуюми имрӯз суди шаҳри Душанбе нисбати Бобоҷон Ширинов ҳукм содир мекунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов таъини ҷазои 20 соли зиндонро дархост намуда буд.

Баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати Бобоҷон Ширинов мутобиқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) нимаи моҳи сентябр дар Суди шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Дар ҷараёни тафтишот айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, лекин дар мурофиаи судӣ бо ишораи аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо, худро қисман гунаҳкор шуморид, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, моҳи июн ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.

Шоми рӯзи 6 июн зимни муноқиаши рухдода ӯ ба ҳамсараш дарафтода, бо корд ба ӯ чанд зарба зад. Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарони соли 2016 аз ҳамдигар ҷудошуда тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.