Омодагии Русия ба эълони боз як авф барои муҳоҷирони кории тоҷик

Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Пленарии Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ», ки охири моҳи октябр дар Маскав доир гардид, ба ҷониби Русия барои амалисозии авфи муҳоҷирони тоҷики вурудашон манъ ба Русия миннатдорӣ изҳор намуд. Ин маъракаи авф аз 24 март то 24 апрели соли 2017 сурат гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор намуд, ки мутаассифона, он замон бинобар кам будани муҳлат ва аз бе иттилоотӣ 70 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ дар муҳлати муқарраргардида  натавонистанд ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва айни ҳол дар маҷмӯъ шумораи онҳо беш аз 208 ҳазорро ташкил додааст, хабар медиҳад котиби матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода.

“Вобаста ба ин, тибқи дархосту пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба бознигарии масъалаи мазкур, дар навбати аввал барои 70 ҳазор муҳоҷирони зикршуда бо дастгирии бевоситаи Валентина Матвиенко мақоми салоҳиятдори Федератсияи Россия оиди ҳалли мусбии он ризоият доданд”, – иттилоъ медиҳад ӯ.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати дарёфти ҳалли мусбии қазияи 138 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии мамнӯъ ба Кумитаҳои зидахли Шӯрои Федератсия оид ба мудофиаву амният ва корҳои байналхалқӣ дар якҷоягӣ бо вазорати корҳои дохилию хадамоти муҳоҷират дастури роҳбарияти олии кишвари қабулкунанда ироа гардид, ки татбиқи минбаъдаи ин раванд зери назорати Шӯрои Федератсия қарор гирифта, ин нукта дар Ҳуҷҷати хотимавии Форум  дарҷ карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...