Рӯзи Конститутсияро Душанбе бо консертҳо ҷашн мегирад

Дар ҷашни 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, консертҳои устодони санъат ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд. Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, аллакай пагоҳ, 2 ноябр дар Душанбе ба ин муносибат маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад, ки ба он собиқадорони хизмати давлатӣ, олимону шоирону нависандагон, ҳамчунин намояндагони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҷашни 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, консертҳои устодони санъат ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, аллакай пагоҳ, 2 ноябр дар Душанбе ба ин муносибат маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад, ки ба он собиқадорони хизмати давлатӣ, олимону шоирону нависандагон, ҳамчунин намояндагони аҳли ҷомеаи пойтахт даъват шудаанд.

Гуфта мешавад, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт таҳти унвони “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ барпо шуда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт наздики 11 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ҳамчунин бо қарори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба муносибати ин ҷашн байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Тоҷикистон дар тақдири насли ман” озмуни иншонависӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.