Дар шаҳри Боку шоми фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд

Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон бахшида ба эълони соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Боку чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти баргузории чорабинии фарҳангӣ зиёда аз дусад нафар меҳмонон, аз ҷумла намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Боку, […]

Asia-Plus

Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон бахшида ба эълони соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Боку чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти баргузории чорабинии фарҳангӣ зиёда аз дусад нафар меҳмонон, аз ҷумла намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Боку, намояндагони зиёиён ва аҳли илму маорифи кишвари иқомат, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, инчунин вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Озарбойҷон ва аъзои гуруҳи дӯстии Тоҷикистону Озарбойҷон, соҳибкорон, кормандони васоити ахбори омма ва ҳамватанони муқими Озарбойҷон ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, зимни сухани ифтитоҳӣ Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ дар бораи дастовардҳои кишвар дар тӯли солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, нақши таърихии ӯ дар рушди давлатдории тоҷикон, инкишоф ва шукуфоии мероси фарҳангии тоҷикон изҳори назар кард.

Чорабинии мазкур бо мақсади дастгирии рушди ҳунарҳо ва ҳунармандони миллӣ, ки  тайи садсолаҳо дар самти истеҳсоли матоъ, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолин, нақшу нигори заргарӣ ва ғайра фаъолият намудаанд ва то имрӯз он анъанаҳои аҷдодии гузаштагони хешро идома дода истодаанд, бахшида шуда буд.

 

Зикр мегардад, ки дар ҳошияи ин чорабиниҳо, либоси миллии тоҷик аз қабили атлас, адрас, чакан, гулдӯзӣ, сузанӣ, кундал, асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, суруду оҳангҳои гуногунжанр ва маъруфу машҳури тоҷикӣ, ва хӯрокҳои гуногуни миллӣ, инчунин иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.