Таҳким ва тавсеъаи шабакаи таҳвилии “МегаФон Тоҷикистон” дар Бадахшон

Муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар самти муосиркунонии шабакаи таҳвилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Чун натиҷа қобилияти гузариши шабакаҳои таҳвили маълумот беҳтар гардида, дастрасии интернети мобилӣ барои сокинони минтақа боз ҳам дастрас шуд.  Дар соли 2018 трафики умумии интернети мизоҷони оператор дар ВМКБ афзоиши устуворро нишон медиҳад: аз моҳи якнвар […]

Иттилоияи расмӣ

Муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар самти муосиркунонии шабакаи таҳвилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Чун натиҷа қобилияти гузариши шабакаҳои таҳвили маълумот беҳтар гардида, дастрасии интернети мобилӣ барои сокинони минтақа боз ҳам дастрас шуд. 

Дар соли 2018 трафики умумии интернети мизоҷони оператор дар ВМКБ афзоиши устуворро нишон медиҳад: аз моҳи якнвар то октябр он ба андозаи зиёда аз се маротиба зиёд гардид. Бинобар ин, қарор карда шуд, ки шабакаҳои магистралии таҳвили маълумот васеъ карда шаванд, то ки ҳатто ҳангоми афзоиши истифодаи хизматрасонӣ ҳар як истифодабаранда ба Шабакаи ҷаҳонӣ бо суръатҳои баландтарин баромада тавонад.

Зимни гузаронидани корҳои техникӣ мутахассисони “МегаФон” қобилияти гузариши шабакаҳои Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Нуробод, инчунин Ванҷ – Хоруғро такмил бахшиданд. Зарфияти шабакаи насли сеюм васеъ ва пойгоҳҳои нави базавии 3G дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ корандозӣ карда шуданд.

“Амалҳои сершумор оид ба васеъкунии шабакаҳои магистралӣ ба мо имкон дод, ки аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2018 дар ВМКБ дар самти таъмини таҳвили маълумот мақоми пешсафро соҳиб гардем. Бо вуҷуди он, ки афзоиши трафики муштариён идома меёбад, сифати пайвастшавӣ ва суръат чунин хоҳад буд, ки ҳатто истифодабарандагони серталаб аз он қаноатманд мемонанд.  Мо шабакаро бо назардошти теъдоди муштариён ва сарборӣ бар манфиати мизоҷонамон бунёд менамоем”, – қайд менамояд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ. 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.