Парвандаи корманди милитсияи ба занаш тирпарронида ба суд ирсол шуд

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди ШВКД ноҳияи Вахш Набиҷон Холиқзода, ки ба куштори ҳамсараш айбдор карда мешавад, ҷиҳати баррасӣ ба суди вилояти Хатлон ирсол гардид.

Бино ба иттилои як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, рӯзи 8 сентябр сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш Турсунҷон Аминҷонова бо силоҳи оташфишон дар манзилаш парронида шуд.

Прокуратури ноҳияи Вахш ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят ҳамсари зани марҳум Набиҷон Холиқзода, сарнозири гурӯҳи назорат, таҳлил ва қайди ШВКД ноҳияи Вахшро боздошт намуд.

Бино ба гуфтаи прокурори ноҳияи Вахш Салоҳиддин Исмоилзода, ки тафтиши ин парвандаро гузаронид, Набиҷон Холиқзода бо сабаби муноқишаи оилавӣ ба ин куштор даст задааст.

“Ӯ занашро аз силоҳи хизматии худаш парронидааст, ки ҳамон рӯз барои иҷрои дастури хизматӣ гирифта буд. Куштор дар ҳузури писари ноболиғашон сурат гирифтааст”, – гуфт ӯ.

Ба Набиҷон Холиқзода мутобиқи моддаҳои 104, қисми 2, банди “е” (Куштори бераҳмона) ва 120 (Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбнома пешниҳод гардид.

Ба қавли прокурори ноҳияи Вахш, дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки Холиқзода зани дуюм ҳам дошта, ба ӯ низ бо силоҳу корд таҳдид намудааст.

“Аз ин рӯ, нисбати ӯ бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноятӣ низ айбнома пешниҳод гардид. Тафтиш 26 октябр ба итмом расида, парванда ҷиҳати баррасии минбаъда ба суди вилояти Хатлон фиристода шуд”, – илова кард прокурор.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...