Ҳукми 18 соли зиндон ба писари генерали қотили ҳамсар

Суди шаҳри Душанбе Бобоҷон Шириновро, ки тобистони ҳамин сол собиқ ҳамсари худ Моҳира Ятимоваро бераҳмона кушта буд, ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди шаҳри Душанбе дар ин робита хабар дод, ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, шикоят бурдан аз болои он имкон дорад. Қобили зикр аст, […]

Аваз Юлдошев

Суди шаҳри Душанбе Бобоҷон Шириновро, ки тобистони ҳамин сол собиқ ҳамсари худ Моҳира Ятимоваро бераҳмона кушта буд, ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди шаҳри Душанбе дар ин робита хабар дод, ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, шикоят бурдан аз болои он имкон дорад.

Қобили зикр аст, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов таъини ҷазои 20 соли зиндонро дархост намуда буд.

Дар ҳамин ҳол, волидони зани ҳалокшуда – модари ду фарзанд аз ҳукми суд каноатманд шудаанд, хабар доданд сарчашмаҳо наздик ба онҳо.

Зимни сухани охирини худ дар мурорфиа Ширинов аз суд дархост намуда буд, ки дар ҳолати бехудона (аффект) содир кардани ҷиноят ба инобат гирифта шавад.

Дар ҷараёни тафтишот айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, лекин дар мурофиаи судӣ бо ишораи аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо, худро қисман гунаҳкор шуморид, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, моҳи июн ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.

Шоми рӯзи 6 июн зимни муноқиаши рухдода ӯ ба ҳамсараш дарафтода, бо корд ба ӯ чанд зарба зад. Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарони соли 2016 аз ҳамдигар ҷудошуда тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.