Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 86% ба иҷро расид

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то санаи 31 октябр 86% ба иҷро расид. Нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе то дирӯз 96% ва ояндаи наздиктарин пурра иҷро хоҳад шуд. Тавре Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дода буд, аввали даҳаи дуюми моҳи октябр ВМКБ нахустин шуда аз иҷрои нақшаи даъват мужда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то санаи 31 октябр 86% ба иҷро расид. Нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе то дирӯз 96% ва ояндаи наздиктарин пурра иҷро хоҳад шуд.

Тавре Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дода буд, аввали даҳаи дуюми моҳи октябр ВМКБ нахустин шуда аз иҷрои нақшаи даъват мужда расонида буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон майор Ориф Нозимов хабар дод, то имрӯз нақшаи даъват дар вилояти Хатлон – 85%, Суғд – 90% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 78% ба иҷро расидааст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.