«Азия-Плюс» лоиҳаи нав оид ба саводнокӣ дар расонаҳоро роҳандозӣ мекунад

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” лоиҳаи нави худ – Мактаби саводнокӣ дар расонаҳоро роҳандозӣ мекунад, ки ба корбарон натанҳо сарфаҳм рафтанро ба ҳақиқат ё бардурӯғ будани маълумот меомӯзонад, балки барои иштирок дар озмун ва дарёфтани ҷоизаҳои арзишманд низ имкон фароҳам месозад. Мактаби саводнокӣ дар расонаҳо гӯшаи алоҳида дар сомонаи news.tj хоҳад шуд, ки ҳадафи аслии роҳандозии он […]

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” лоиҳаи нави худ – Мактаби саводнокӣ дар расонаҳоро роҳандозӣ мекунад, ки ба корбарон натанҳо сарфаҳм рафтанро ба ҳақиқат ё бардурӯғ будани маълумот меомӯзонад, балки барои иштирок дар озмун ва дарёфтани ҷоизаҳои арзишманд низ имкон фароҳам месозад.

Мактаби саводнокӣ дар расонаҳо гӯшаи алоҳида дар сомонаи news.tj хоҳад шуд, ки ҳадафи аслии роҳандозии он кумак ба корбарон дар рушди афкори интиқодӣ мебошад. Он имкон медиҳад, ки ба ҷараёни хабарҳо ҳам дар ВАО ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткорона муносибат шавад.

Дар оғози лоиҳа мо ба корбарони сомона малакаҳои аввалияи саводнокӣ дар расонаҳоро тариқи гузаштан аз тестҳои начандон калон меомӯзонем.

Аллакай шоми ҳамин рӯз гузаштан аз тести аввалро доир ба ҳушёриву зиракӣ (бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ) бар асоси маълумоти сомонаи news.tj пешниҳод мекунем, то ки тасдиқи дурустии санҷиши хабар омӯхта шавад.

Дар марҳилаи дуюми лоиҳа ба ҳамаи корбарони сомона табдили санҷиш ба шуғли шавқовар пешниҳод мегардад. Дар ин марҳила шумо дар озмуни “Ошкори маълумоти бардурӯғ (фейкҳо)” барои ошкор кардани хабар ё маълмоти бардурӯғи нашршуда дар ҳама гуна расонаҳо иштирок карда метвонед.

Се нафар беҳтарин ошкоркунандагони хабар ё маълумоти бардурӯғ бо туҳфаҳои арзишманд (смартфонҳо) ва ифтихорномаҳои хосса сарфароз гардонида мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.