Дархости боз аз пардохти андоз озод кардани сохтмони театр ва меҳмонхона

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019”, ки аввали ҳамин ҳафта ҷиҳати баррасӣ ба парлумон фиристода шуд, барои чанде аз ширкатҳо имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳукумат аз парлумон дархост намудааст, ки иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ дар сохтмони бинои Театри милии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соли 2019 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва фоида озод карда шавад.

Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон моҳи марти соли 2015 оғоз гардид. Аз ҳамон замон иҷрои кору хизматрасониҳо дар он ҳамасола аз пардохти андоз озод мешаванд. Бинои мазкур ба рӯйхати “иншооти махсусан муҳим” дохил гардида, ҳар сол воридоти масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот барои бунёди бино бо қарори ҳукумат аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод мешавад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои театр соли 2021 дар назар аст.

Ҳукумат ҳамчунин соли 2019 озод кардани сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанберо низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пешниҳод намудааст.

Маросими оғози сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” 15 марти соли 2006 доир гардид. Он замон маблағи умумӣ барои сохтмони ин меҳмонхона 30 млн. доллар арзёбӣ шуда буд.

Ин иншоот низ қариб ҳамасола аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Ғайр аз ин, ҳукумат пешниҳод намудааст, ки соли 2019 воридоти техника ва воситаҳои нақлиёти махсус, қисмҳои эҳтиётии онҳо, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе барои зиёд кардани парки автомашинаҳои мусофиркаш ва беҳбуди вазъи бахши ҷудогонаи пойтахт харидорӣ мешавад, низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...