Иштироки самбочиёни тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Руминия

Рӯзҳои 9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарест – пойтахти Руминия – чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон баргузор мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, беҳтарин варзишгарон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни бонувон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) дар пойтахти […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарест – пойтахти Руминия – чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, беҳтарин варзишгарон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни бонувон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) дар пойтахти Руминия ҷамъ меоянд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар ҳайати 10 нафар – 8 нафар дар самбои варзишӣ, 2 нафар дар самбои размӣ – муайян гардид:

Самбои варзишӣ: вазни -52кг – Ҷомии Ҳасан; вазни -57кг – Акмалиддин Каримов; вазни -62кг – Хушқадам Хусравов; вазни -68кг – Мустафо Ҳасанов; вазни -74кг – Беҳрӯз Хоҷазода; вазни -82кг – Зафар Олимшоев; вазни -90кг – Комроншоҳ Устопириён; вазни -100кг – Муҳаммадризо Қурбонзода;

Самбои размӣ: вазни -62кг – Сорбон Латифов ва вазни -68кг – Умед Муҳиддинов.

Зимнан зикр мегардад, ки Федератсияи байналмилалии самбо дар чемпионати ҷашни 80-солагии самбо фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 ҳазор доллари ИМА тасдиқ кард. Варзишгароне, ки сазовори медал мегарданд, ҷоизапулӣ низ дарёфт мекунанд: ҷойи 1 – 3 ҳазор доллари ИМА; ҷойи 2 – 2 ҳазор доллари ИМА ва ҷойи 3 – 1 ҳазору 500 доллари ИМА.

Ёдрас мешавад, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо соли гузашта дар Сочи варзишгари маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашев сазовори медали нуқра, Зафар Олимшоев ва Сорбон Латифов сазовори медали биринҷӣ гардида буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио