Сиёсатмадори рус Раҳмонро наҷотбахши миллати тоҷик номид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат гуруҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россияро таҳти сарварии Раиси Ҳизби Либерал – Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат гуруҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россияро таҳти сарварии Раиси Ҳизби Либерал – Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, низомиву техникӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии стратегӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар  арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Владимир Жириновский ба саҳм ва талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баҳои баланд дод.

“Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо муҳтарам Президент мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед, – гуфт сиёсатмадори рус. – Мо нисбати Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем”.

Қаблан Владимири Жириновскийро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мушриддин ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, саноат, энергетика, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Интизорӣ меравад, ки имрӯз Владимир Жириновский ба Бухоро рафта, бо ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихии ин шаҳри қадим аз наздик шинос мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.