БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад

Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) грант дар ҳаҷми 35 млн. долларро баҳри барқарор намудани васли низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми энергетикии Осиёи Марказӣ (ОМ) тариқи барқарор кардани он бо низоми Узбекистон маъқул шуморид.

БОР тавассути барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) савдои нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тавсеъаи содироти барқ аз минтақа ба Афғонистону Покистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

“Имзои созишнома дар бораи савдои нерӯи барқ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи марти соли равон ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мавсими тобистон барқи барзиёдатиашро ба Ӯзбекистон интиқол дода, ба истифодаи пурсамари захираҳои энергетикии минтақа мусоидат намояд”, – гуфтааст мутахассиси бахши молияи БОР ҷаноби Юки Иноуэ. – Барқарор кардани пайвастшавӣ иқдоми муҳим дар таъмини кори ҳамоҳангшуда бо низоми энергетикии Ӯзбекистон ва минтақа аст”.

Дар доираи лоиҳаи БОР таъмиру навсозии таҷҳизоти ҳифзи табдили барқ (реле) барои мураттаб сохтани кори низоми энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва васеъ кардани нуқтаҳои васл пешбинӣ шудааст, ки ба имконоти Тоҷикистон ҷиҳати кори устувори мутавозин таҳким мебахшад.

Гуфта мешавад, арзиши умумии амалисозии лоиҳа 40 млн. долларро ташкил дода, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон 5 млн. доллари ИМА аст. Анҷоми татбиқи лоиҳа соли 2022 дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.