Қарзи берунаи Тоҷикистон: аз киҳо чанд пул қарздорем?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ба санаи 1 октябри соли равон ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд. 873,8 млн. долларро ташкил додааст.

Ба ҳолати 1 январи соли 2018 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 879 млн. долларро ташкил дода, ба 40,3% аз ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли гузашта баробар буд.

Ҳамин тариқ, аз оғози сол ҳаҷми қарзи хориҷӣ 5,2 млн. доллар кам шудааст.

Нимаи аввали соли равон барои хизматраоснӣ ба пардохти қарзи берунаи ҷумҳурӣ 90,6 млн. доллар маблағ равона гардид.

Соли 2018 барои пардохти қарзи асосии хориҷии кишвар равона гардидани 125 млн. доллар воситаҳои буҷетӣ ва дар ҳамин ҳол, ҷалби 200 млн. доллар қарзи хориҷӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Қарздорӣ асосӣ ҳукумат аст

Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар наздики 95% воситаҳое мебошанд, ки барои эҳтиёҷоти ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд.

Ҳаҷми қарзи бевоситаи давлатӣ, ки ба иҷрои уҳдадориҳои ҳукумат марбут аст, ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ 2 млрд. 727,33 млн. долларро ташкил дод.

Боқимонда 5% дар сохтори қарзи хориҷӣ ба таври зайл тақсим шудааст:

– қарзи ҷалбшудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз Хазинаи байнулмилалии асъор барои нигаҳдории мувозинати пардохтҳо – 62,2 млн. доллар;

– қарзи ҷалбшудаи БМТ аз Чин – 6 млн. доллар;

– қарзи ҷалбшудаи БМТ аз Бонки исломии рушд – 3,5 млн. доллар;

– қарзҳо бо кафолати давлатӣ – 36,3 млн. доллар;

– қарзи корхонаҳое, ки кафолати давлатӣ надоранд – 31,5 млн. доллар.

Ба киҳо қарздорем?

Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ ба ин ниҳод беш аз 1,2 млрд. доллар қарздор аст.

Қарзи ташааккулёфта дар натиҷаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин қарзҳои нисбатан зиёд назди Бонки ҷаҳонӣ (318 млн. доллар), Бонки рушди Осиё (278 млн. доллар) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ вуҷуд доранд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Фонди Саудии рушд, Фонди рушди Кувейт, Фонди зиддибуҳронии ЕвразЭС, Фаронса, Олмон, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Фонди аврупоии сармоягузорӣ ва Фонди Абӯ-Дабӣ низ қарзҳои начандон зиёд дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.