Қурбонии зӯроварӣ дар оила шудӣ? Ба рақами 1313 занг зан

Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон оид ба дастгирии ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила телефони боварӣ ва Маркази захиравӣ боз шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, яке аз самтҳои фаъолияти Маркази захиравӣ фарогирии машваратҳои равонию ҳукуқии ройгон барои занони осебпазир аз зӯроварӣ ва […]

Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон оид ба дастгирии ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила телефони боварӣ ва Маркази захиравӣ боз шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, яке аз самтҳои фаъолияти Маркази захиравӣ фарогирии машваратҳои равонию ҳукуқии ройгон барои занони осебпазир аз зӯроварӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон дар ҷомеа мебошад.

“Ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва аъзоёни оилаҳое, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, метавонанд ба рақами 1313 занг зада, бо коршиносони соҳаи ҳуқуқӣ ва гендерӣ, равоншинос оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баробарҳуқуқии гендерӣ, ё ин ки бо ҳуқуқшинос, вобаста ба ҳолат, дар тамос шаванд”, – хабар медиҳад намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Дар Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ махзани маълумот барои ҷамъ намудани иттилооти пурра ва таҳлили ҳолатҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ҷойгир карда шудааст.

Ҳамчунин барои осон ба даст овардани иттилоот, гирифтани омори ягона ва коркарди иттилоот дар махзани маълумот барномаи электронӣ таҳия ва  ба он пайваст гардидааст, ки муроҷиатҳо тавассути телефони боварӣ низ ворид ва қайд карда мешаванд.

“Ҷамъоварии иттилоот дар махзани маълумот иборат аст аз: ариза дар бораи ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила (нисбати занон, кӯдакон, волидон ё ки дигар хешовандон); номгӯи хизматрасониҳо (равонӣ ва ҳуқуқӣ) ва ҷамъоварии маълумоҳои оморӣ”, – хабар дода мешавад дар иттилоияи расмии намояндагӣ.

Ба махзани электронии маълумоти  коркардкардашуда оид ба таҳлили ҳолатҳои зӯроварӣ хатти интернет гузаронида шудааст, ки имкон медиҳад ки тариқи дархост дар вақти воқеӣ маълумоти мукаммалро пешниҳод намояд.

Маркази захиравӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зуроварӣ аз руйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкории шарикӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон” боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.