Муовини вазири корҳои хориҷии Италия ба нерӯгоҳи Роғун меояд

Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия Манлио Ди Стефано дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки имрӯз, 16 ноябр доир мегардад, иштирок мекунад. Рӯзи панҷшанбе Манлио Ди Стефано бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Хикматуллозода мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз […]

Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия Манлио Ди Стефано дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки имрӯз, 16 ноябр доир мегардад, иштирок мекунад.

Рӯзи панҷшанбе Манлио Ди Стефано бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Хикматуллозода мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Қобили зикр аст, ки ба бунёди яке аз иншооти муҳиму асосии нерӯгоҳи Роғун – сарбанди он ширкати итолиёвии Salini Impregilo машғул аст.

Манлио Ди Стефаноро рӯзи панҷшанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфта, зимни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Хотиррасон мекунем, ки имрӯз соати 18:00 мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Ба ин маросим намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои иштирокчиёни лоиҳаи CASA-1000, созмонҳои байнулмилалӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар ва журналистони васоити ахбори умумии хориҷии пешрафта даъват шудаанд.

Дар маросими ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун муовини аввали сарвазири Афғонистон Муҳаммад Хон, вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, муовини вазири энергетикаи Русия Андрей Черезов ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Сирл Мюллер низ ҳузур хоҳанд дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.