Писарчаи 6-солаи тоҷик аз ошёнаи шашуми як хонаи шаҳри Маскав ба замин афтод

Писарчаи шашсола аз ошёнаи шашуми як бинои истиқоматии шаҳри Маскав ба замин афтода, ҳалок шуд. Дар хона ӯ ҳамроҳи модараш қарор дошт, ки он вақт ба корҳои рӯзгор машғул будааст, менависад Московский комсомолетс. Зодаи 6-солаи Тоҷикистон 25 октябр ҳамроҳи волидонаш ба минтақаи Маскав омадааст. Оилаи онҳо дар хонаи дуҳуҷрадор дар ҳамсоягӣ бо ҳамдиёронашон зиндагӣ карда, […]

Писарчаи шашсола аз ошёнаи шашуми як бинои истиқоматии шаҳри Маскав ба замин афтода, ҳалок шуд. Дар хона ӯ ҳамроҳи модараш қарор дошт, ки он вақт ба корҳои рӯзгор машғул будааст, менависад Московский комсомолетс.

Зодаи 6-солаи Тоҷикистон 25 октябр ҳамроҳи волидонаш ба минтақаи Маскав омадааст. Оилаи онҳо дар хонаи дуҳуҷрадор дар ҳамсоягӣ бо ҳамдиёронашон зиндагӣ карда, машғули ба расмият дарврадани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандиву корашон будаанд.

Рӯзи 14 ноябр падари хонавода ба кор рафта, модар бо корҳои хонаву рӯзгор машғул будааст. Писарча ноаён аз модар ба пештоқи тиреза мебарояд. Ӯ дастаи тирезаро кашида, ба замин меафтад.

Гуфта мешавад, ҳомиёни ҳуқуқ ҳоло бо волидони кӯдак мулоқот накардаанд, зеро онҳо дар ҳолати хеле шадиди рӯҳафтодагиву озурдагӣ қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.