Бозиҳои тамринии мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Яман, Уммон ва Баҳрайн

Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол мунтахаби Тоҷикистон моҳи декабр муддати ду ҳафта дар хориҷи кишвар тамринҳои омӯзишӣ мегузаронад. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин омодагиҳо футболбозони тоҷик бо мунтахабҳои чор дастаи қораи Осиё вохӯриҳои дӯстона баргузор мекунанд. Гуфта мешавад, мунтахаби Тоҷикистон санаи 9 декабр дар […]

Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол мунтахаби Тоҷикистон моҳи декабр муддати ду ҳафта дар хориҷи кишвар тамринҳои омӯзишӣ мегузаронад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин омодагиҳо футболбозони тоҷик бо мунтахабҳои чор дастаи қораи Осиё вохӯриҳои дӯстона баргузор мекунанд.

Гуфта мешавад, мунтахаби Тоҷикистон санаи 9 декабр дар Доҳа – бо тими Яман, рӯзҳои 13 ва 16 декабр дар Маскат – бо Уммон (ду вохӯрӣ) ва санаи 20 декабр дар Манама – бо дастаи мунтахаби Баҳрайн бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар ин вохӯриҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистонро сармураббии нави мунтахаби олимпии ҷумҳурӣ (U-23) Усмон Тошев аз Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.