Омӯзгори забони англисӣ барои ҷалби шогирдонаш ба ДИ маҳкум шуд

Суди шаҳри Душанбе омӯзгори забони англисӣ Ҷаҳонгир Қосимовро, ки шогирдонашро ҷиҳати узвият ба гурӯҳи террористии Давлати исломӣ (ДИ) ҷалб мекардааст, ба 19 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода хабар дод, дар робита ба ин парвнада чанде аз шогирдони ӯ низ ба иттиҳоми ифротгароӣ маҳкум шудаанд. Ҷаҳонгир Қосимов, […]

Суди шаҳри Душанбе омӯзгори забони англисӣ Ҷаҳонгир Қосимовро, ки шогирдонашро ҷиҳати узвият ба гурӯҳи террористии Давлати исломӣ (ДИ) ҷалб мекардааст, ба 19 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода хабар дод, дар робита ба ин парвнада чанде аз шогирдони ӯ низ ба иттиҳоми ифротгароӣ маҳкум шудаанд.

Ҷаҳонгир Қосимов, омӯзгори 22-солаи забони англисии Донишкадаи забонҳо, сокини шаҳри Душанбе, моҳи июли имсол дастгир шуд. Мақомот ӯро айбдор карданд, ки дар зери ниқоби омӯзиши забони англисӣ наврасонро ба ифротгароӣ ҷалб кардааст, қайд мекунад дар ин робита Радиои Озодӣ.

Чаҳор шогирди навраси муаллим – Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев, Сафармуҳаммад Абдуназарзода, Мустафо Раҳматов, Ҳабибулло Давлатов – тобистони имсол дар роҳ ба сӯи Афғонистон боздошт шуда буданд. Мақомот гуфтанд, ин афрод қасд доштаанд, дар он сӯи Омӯ ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” бипайванданд. Маълум шуда буд, ки ин ҷавонон аз сӯи Қосимов ба Давлати исломӣ ҷалб шудаанд.

Зимни нишасти матбуотии моҳи июл сардори Раёсати минтақавии Агентии назорати маводи нашъаовар дар Кӯлоб Муҳаббат Абдуллозода дар ин маврид зикр карда буд, ки ҳамаи боздоштшудагон хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумии Душанбе мебошанд. Падару модарони онҳо зодагони ноҳияҳои минтақаи ҷануб – Шамсиддини Шоҳин ва Лахш буда, наврасон аз волидон гӯё барои аёдати хешу ақрабояшон рухсат гирифтаанд.

Дар бораи нияти ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастани онҳо кормандони мақомоти қудратӣ аз гуфтугӯҳои телефонии ҷавонон огоҳ шудаанд.

«Кормандони фаврии мақомот гуфтугӯҳои телефонии онҳоро бо намояндагони Давлати исломӣ дар Афғонистон гӯш кардаанд. Як рӯз пеш то кӯшиши гузаштани сарҳад, яке аз онҳо қитъаҳои марзро омӯхтааст, то ки барои гузаштан ҷойӣ бобу қулай интихоб кунад», – қайд карда буд Абдуллозода.

Наздикони маҳкумшудагон бо ҳукми суди шаҳр норозӣ буда, аз болои он шикоят бурданианд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.