БДА фаъолияти корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятии Душанберо таҳти назорат мегирад

Раҳбарияти Раёсати БДА шаҳри Душанбе фаъолияти корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо зери назорат қарор медиҳад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати БДА дар шаҳри Душанбе, дар ин бора фармони дахлдори сардори РВКД Душанбе Шариф Назарзода содир шудааст. Раёсати БДА шаҳри Душанбе фаъолияти ҳамаи 24 корхонаи машғул ба хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро қатъиян назорат хоҳад […]

Раҳбарияти Раёсати БДА шаҳри Душанбе фаъолияти корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо зери назорат қарор медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати БДА дар шаҳри Душанбе, дар ин бора фармони дахлдори сардори РВКД Душанбе Шариф Назарзода содир шудааст.

Раёсати БДА шаҳри Душанбе фаъолияти ҳамаи 24 корхонаи машғул ба хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро қатъиян назорат хоҳад кард.

Фармон бо мақсади ба тартиб овардани кори нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини бехатрии мусофирондар роҳҳо ба имзо расида, ғайр аз ин, иқдоми мазкур ба пешгирии ҳолатҳои муносибати дағал ва дигар ҳаракатҳои майдаавбошона дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ равона гардидаст.

Мувофиқи ин фармон, ҳайати калони роҳбарикунандаи Шуъбаи БДА ва ҷузъу томҳои он дар ноҳияҳои пойтахт ба ҳама 24 адад ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгирбуда вобаста карда мешаванд.

Шахсони масъул ба таври доимӣ, на кам аз як маротиба давоми ҳар даҳрӯза ба корхонаю ташкилотҳои нақлиётии вобастагардида ташриф оварда, тибқи талаботи қонқгузорӣ, парвандаҳои назоратӣ оғоз ва маълумотҳои зарурӣ ҷамъ оварда, фаъолияти корхонаҳоро зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд.

Кормандони ба ширкатҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳо нисбати масъулин (кормандони вобастагардида) ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе маҷмуан 148 ҳазору 786 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки 27 ҳазору 661 адади онҳо ба таври дағалона аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ содир карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 18 адад садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 2-нафар ба ҳалокат расида, 16-нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.