Мушакпарронӣ дар Душанбе ба муносибати ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун

Ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати авали нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки имрӯз сурат мегирад, рӯзи шанбе, 17 ноябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе намоиши театришуда ва мушакпарронӣ (фейерверк)-и 5-дақиқагӣ баргузор мешавад. Дар намоиши театришуда ва консерти устодони санъати ҷумҳурӣ дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва  дигар арзишҳои миллӣ беҳтарин намоишу таронаҳо пешкаш […]

Ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати авали нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки имрӯз сурат мегирад, рӯзи шанбе, 17 ноябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе намоиши театришуда ва мушакпарронӣ (фейерверк)-и 5-дақиқагӣ баргузор мешавад.

Дар намоиши театришуда ва консерти устодони санъати ҷумҳурӣ дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва  дигар арзишҳои миллӣ беҳтарин намоишу таронаҳо пешкаш мегарданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронӣ (фейерверки)-и идона сурат мегирад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, 17 ноябр  дар тамоми боғҳо ва  дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти   оммавӣ ва  барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ,   майдони 800-солагии Москваи  ноҳияи Шоҳмансур ва майдони назди Прокуратураи генералӣ  дар ноҳияи Сино  баргузор мегарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.