Рустами Эмомалӣ пули таъмиру навсозишудаи назди автовокзалро ба истифода дод

Asia-Plus

Бо ҳузури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими ба истифода додани пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов бо хиёбони Абӯалӣ ибни Сино (назди автовокзал) баъд аз таъмиру навсозӣ баргузор шуд.

Бинои ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, иншооти мазкур аз пули роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард иборат буда, зимни анҷоми корҳо масоҳати беш аз 1,5 км роҳҳо бунёд ва азнавсозӣ гардидаанд.

Гуфта мешавад, баландии такядеворҳои пул 5 метр буда, тамоми деворҳо бо сангҳои хоро  ва роҳравҳо бо тахтасангҳо оро дода шудаанд ва дар ду тарафи он панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ насб гардида, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннат медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд иҷро гардида, бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар чаҳор қитъаи иншоот аломатҳои зарурии ҳаракат дар роҳ насб карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2017 Рустами Эмомалӣ пули мошингард ва роҳи оҳани воқеъ дар буриши кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Моёншо Назаровро дар роҳ ба самти фурудгоҳ ба истифода дода буд.

Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии пули мазкур КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” беш аз 1 млн. 400 сомонӣ маблағ масраф кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...