Дурахш ва асолат. Муаррифии маҷмӯаи “Кӯҳистон”-и занони ҳунарманди Зарафшон

Дар меҳмонхонаи “Хилтон” (собиқ “Шератон”)-и шаҳри Душанбе маросими муаррифии маҷмӯаи “Кӯҳистон” ва намоишгоҳ-фурӯши маснӯоти занони ҳунарманд таҳти унвони “Армуғон” доир гардид. Маҷмӯаи “Кӯҳистон” аз маснӯоти дараҷаи Home Décor ва Accessory, аз ҷумла борхалта (сумка), ҳамён ва ғайра иборат аст, ки дар онҳо аз гулдӯзии сӯзанӣ, гилему қолинбофии омехта бо чарм истифода шудааст. Дар намоишгоҳ болопӯшу […]

Олег Буличев, махсус барои Asia Plus.

Дар меҳмонхонаи “Хилтон” (собиқ “Шератон”)-и шаҳри Душанбе маросими муаррифии маҷмӯаи “Кӯҳистон” ва намоишгоҳ-фурӯши маснӯоти занони ҳунарманд таҳти унвони “Армуғон” доир гардид.

Маҷмӯаи “Кӯҳистон” аз маснӯоти дараҷаи Home Décor ва Accessory, аз ҷумла борхалта (сумка), ҳамён ва ғайра иборат аст, ки дар онҳо аз гулдӯзии сӯзанӣ, гилему қолинбофии омехта бо чарм истифода шудааст.

Дар намоишгоҳ болопӯшу болиштҳои зебои дастӣ дӯхташуда, бозичаҳои солинавии маҳсули дастони ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуда, имрӯз дар ин ҷо доир ба тайёр кардани матоъҳои дастбоф, гулдӯзии сӯзанӣ, гилему қолинбофӣ ва дигар маснӯоти бофташуда машғулиятҳо баргузор мешаванд.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ассосиатсияи рушди сайёҳӣ дар Зарафшон” дар доираи амалисозии лоиҳаи “Фарҳангро эҳё намуда, оянда месозем” (Возрождаем культуру – строим будущее) доир гардида, маблағгузории онро сафорати Финландия ба дӯш гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки амалисозии лоиҳа моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, то имрӯз дар чаҳорчӯби он 8 тренинг ва 4 машғулият баргузор шудааст. Ҳамчунин беш аз 30 нафар занони ҳунарманд мавриди машғулиятҳои омӯзишӣ қарор гирифта, хати нави тайёр кардани маҳсулот таҳия шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.