Арчаи солинавии Душанбе баландтарин дар таърихи Тоҷикистон

Дар пойтахти Тоҷикистон ба гузоштани арчаи солинавии имсола оғоз намуданд. Бори нахусти тайи солҳои охир як моҳ пеш ба гузоштани арчаи солинавӣ дар пойтахт шурӯъ карданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, имсол арчаи солинавии пойтахт баландтарин дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд. Арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе қомат афрохта, баландии […]

Дар пойтахти Тоҷикистон ба гузоштани арчаи солинавии имсола оғоз намуданд. Бори нахусти тайи солҳои охир як моҳ пеш ба гузоштани арчаи солинавӣ дар пойтахт шурӯъ карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, имсол арчаи солинавии пойтахт баландтарин дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд.

Арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе қомат афрохта, баландии он 28 метр ва масоҳаташ 13 метрро ташкил медиҳад.

Бино ба дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ арчаи асосии солинавии шаҳри Душанбе бояд то 10 декабр гузошта шавад. Чун соли пешин арчаи аосии кишвар имсол низ светодиодӣ мешавад.

Шоми 31 декабр, шаби соли нав дар майдони марказии Дӯстӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик консерти идона доир гардида, дар анҷоми он 5 дақиқа мушакафканӣ (фейерверк) сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2017 мақомоти шаҳрдории пойтахт 6 декабр ба гузоштани арчаи солинавӣ шурӯъ намуда, баландии он ба 25 метр расида буд.

Соли 2016 арчаи солинавии пойтахт бо баландии 20 метр ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз фарорасии Соли нав қомат афрохт. Соли 2015 онро 30 декабр гузошта, аллакай рӯзи 2 январ барканда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.