Рақобати Комроншоҳи Устопириён барои дарёфти 9 ҳазор доллар дар Гуанжоу

Asia-Plus

Гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо (Guangzhou Masters 2018), ки 15-16 декабр дар шаҳри Гуанжоуи Чин баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён ягона варзишгарест, ки аз ҷумҳурии мо барои ширкат дар ин мусобиқа даъват шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи низомнома дар “Guangzhou Masters 2018” 16 нафари беҳтарин дар ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Комроншоҳ Устопириён ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи беҳтар дорад. Ӯ феълан бо 3446 хол ҷои 9-уми категорияи вазнии -90кг-ро ишғол кардааст.

Дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо иштироки 534 варзишгар (119 мард, 115 зан) аз 53 кишвари дунё дар назар аст. Мусобиқа баъд аз чемпионати ҷаҳон бонуфузтарин чорабинии Федератсияи байналмилалии дзюдо мебошад.

Варзишгарон дар мусобиқа соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд. Бино ба маълумоти IJF.org, ғолибони ин мусобиқа – соҳиби 1800 хол, дорандагони медалҳои нуқра – 1260 ва биринҷӣ – 900 хол мешаванд. Ғайр аз ин, ба ҷуз мақомҳои ҷоизавӣ, барои ҳар як ғалаба дар қувваозмоӣ 200 хол дода мешавад.

Барои соҳибони се зинаи аввали мусобиқа мукофотпулӣ низ пешбинӣ шудааст. Барои ғолиб – 9 ҳазор доллар, барои ҷои дуюм – 6 ҳазор доллар ва барои ду ҷои сеюм – 3 ҳазордолларӣ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...